Семинари илмӣ-методӣ

Бинанда: 718 | Санаи нашр: 27 Сентябр 2021

27-уми сентябри соли 2021 дар донишгоҳ семинари илмӣ-методӣ дар мавзӯи “Методикаи гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, амалӣ ва кори мустақилона бо роҳбари омӯзгор (КМРО)” барои омӯзгорони ҷавон баргузор гардид.

Семинарро сардори раёсати таълим, дотсент Раҳмоналӣ Мирзоев ифтитоҳ намуда, дар доираи мавзӯи матраҳгардида фикру мулоҳизаҳояшро иброз кард ва нақши семинари мазкурро дар баланд баровардани сифати таълим зикр намуд.

Сипас, мутахассиси шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим, номзади илмҳои иқтисодӣ Сарвиноз Урунова доир ба мавзӯи семинар андешаронӣ намуда, ба саволҳои омӯзгорони ҷавон посух гуфт.

Дар ҷамъбасти семинар Раҳмоналӣ Мирзоев ба аҳли толор барои иштироки фаълона изҳори сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top