Тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон

Бинанда: 1177 | Санаи нашр: 22 Сентябр 2021

22-юми сентябри соли 2021 дар донишгоҳ дар мавзӯи “Тарбияи маънавию ахлоқии донишҷӯён” вохӯрии муовини ректор оид ба тарбия Басгул Исупова бо донишҷӯёни курси якуми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ баргузор гардид.

Басгул Исупова дар бораи аҳаммияти бузурги тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ифтихори ватандорӣ, бедории фикрӣ ва зиракии сиёсии онҳо ибрози андеша намуд.

Сипас, декани факултет Абдукарим Қурбонов ва сардори Раёсати тарбия Сайфулло Авғонов доир ба мавзӯи матраҳшуда андешаҳояшонро баён намуданд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ нотиқон ба саволҳои донишҷӯён посух гуфтанд.

Чунин вохӯриҳо дар дигар факултетҳои донишгоҳ низ баргузор мегарданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top