Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст

Бинанда: 909 | Санаи нашр: 22 Сентябр 2021

22-юми сентябри соли 2021 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обии пойтахт маросими ифтитоҳӣ Фестивали II дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст” гузаронида шуд, ки дар он ҳайати омӯзгорон ва донишҷӯёни ДДТТ бо намоиши дастовардҳои варзишӣ иштироки фаъолона доштанд.

Мавриди зикр аст, ки аз 15 – ум то 20 – уми сентябри соли 2021 дар донишгоҳ ба муносибати таҷлили 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони ин боргоҳи илму маърифат таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст” аз рӯи се навъи варзиш – футболи хурд, шоҳмот ва гӯштини миллӣ мусобиқа гузаронида шуда, ғолибон муайян карда шуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top