Вохӯрии судманд

Бинанда: 928 | Санаи нашр: 21 Сентябр 2021

20-уми сентябри соли 2021 дар донишгоҳ вохӯрии мутахассиси шуъбаи кадрҳои “Алифбонк” Бобоева Бону Анваровна бо омӯзгорону донишҷӯёни курси 4-уми ихтисосҳои молия ва қарз, андоз ва фаъолияти бонкӣ баргузор гардид.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, дар бораи фаъолияти муваффақонаи “Алифбонк” ибрози андеша кард ва суханро ба Бону Бобоева во гузошт.

Мавсуф зимни суханронӣ андешаҳои худро доир ба таърих, ташаккулёбӣ ва рушду тавсеаи фаъолияти “Алифбонк” баён намуда, доир ба фарҳанг ва арзишҳои он маълумот пешниҳод кард.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top