Маҳфили адабию фарҳангӣ

Бинанда: 906 | Санаи нашр: 20 Сентябр 2021

20-уми сентябри соли 2021 дар хобгоҳи донишҷӯёни ДДТТ дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили адабию фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Давлат Ғаффорзода, мутахассиси пешбари бахши ҷавонони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Юсуф Ғаффоров, ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” Раъно Насриддинзода ва шоир Нуруллоҳи Ориф иштирок намуданд.

Маҳфилро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов оғоз намуда, доир ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстию ифтихори ватандорӣ, зиракии сиёсии ҷавонон ва дастоварду мувафаққиятҳои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуд.

Сипас, Давлат Ғаффорзода ва Раъно Насриддинзода доир ба мавзӯъҳои зикргардида сухан гуфтанд.

Шоир Нуруллоҳи Ориф шеърҳои худро дар васфи Истиқлолият, Ватан ва Пешвои муаззами миллат ба аҳли толор қироат намуд.

Дар фарҷоми маҳфил Фарҳод Шаропов ба меҳмонон барои иштирок ва суханронии пурмазмун изҳори сипос намуд.

 

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top