Ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар

Бинанда: 919 | Санаи нашр: 19 Сентябр 2021

Шоми 19-уми сентябри соли равон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби дастаи ҳунарии “Тоҷири аҷам”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ-фароғатии пурмуҳтаво таҳти унвони “Ифтихор аз соҳибистиқлолии кишвар” манзури сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки аз суруду таронаҳои ба васфи Ватан, сулҳу ваҳдат, озодию истиқлолият бахшидашуда ва рақсҳои ҷаззобу дилнишин иборат буданд, ба сокинону меҳмонони пойтахт рӯҳу илҳоми тоза бахшида, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки таассуроташ дар хотири онҳо то дер боз боқӣ хоҳад монд.

Дар хотимаи чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷабборзода Динора бо ифтихор аз хусуси дастовардҳои беназири кишварамон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, бахусус, саҳми бузурги Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот, пояҳои давлатдорӣ ва ободию шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони биҳиштосо ёдовар шуда, дар сатҳи баланд доир намудани чорабинии фарҳангиро натиҷаи ҳисси баланди масъулиятшиносии роҳбарияти донишгоҳ ва заҳмати аҳли ҳунари он маънидод кард.

Ҷабборзода Динора дар вазъияти тантанавӣ ба ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат барои ҳамкориҳои судманд дар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани чорабинии фарҳангию фароғатӣ, таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстии ҷомеа, хосса ҷавонон ва таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сипосномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро супорида, изҳори умед намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон минбаъд низ дар баробари тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, дар тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам хубтар муаррифӣ намудани кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда мегузорад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top