Намоиши китобҳо

Бинанда: 691 | Санаи нашр: 08 Сентябр 2021

Дар донишгоҳ рӯзҳои 7-ум ва 8-уми сентябр ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши китобҳо таҳти унвони “Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 30 соли истиқлолияти давлатӣ” баргузор гардид.

Омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни курси 1-ум дар китобхонаи илмӣ аз китобҳои илмию бадеӣ дидан намуда, бо мазмуну муҳтавои онҳо шинос гардиданд ва аз чорабинии муҳимми фарҳангию маърифатӣ завқи маънӣ ва таассуроти нек бардоштанд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top