Пешгирии хавфҳои коррупсионӣ

Бинанда: 979 | Санаи нашр: 16 Сентябр 2021

16-уми сентябри соли 2021 дар донишгоҳ бо мақсади пешгирии амалҳои коррупсионӣ ҷамъомад баргузор гардид, ки дар он сарнозири Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Сарраёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Раҳмонзода У. М. иштирок намуд.

Ҷамъомадро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки дар донишгоҳ  бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми октябри соли 2016 “Дар бораи тасдиқи методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)” оид ба баҳодиҳии хавфҳои коррупсионӣ як қатор корҳои фаҳмондадиҳию тавзеҳотӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки  таъсиси гурӯҳи корӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Сипас, Умед Раҳмонзода доир ба баҳодиҳии фаъолияти зиддикоррупсионӣ дар донишгоҳ, хавфҳои коррупсионӣ, методика ва методологияи таҳлили коррупсионӣ ва таҳияи нақшаи мукаммал доир ба баҳодиҳии фаъолияти зиддикоррупсионӣ дар донишгоҳ барои солҳои 2022-2023 ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми ҷамъомад Саймаҳмуд Саидов ба Умед Раҳмонзода барои иштирок  ва суханронии пурмазмун изҳори сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top