Мукофот муборак

Бинанда: 835 | Санаи нашр: 03 Сентябр 2021

Имрӯз (03.09.2021) дар шаҳри Душанбе Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлис як қатор фаъолони ҳизбӣ бо  ифтихорнома ва сипосномаи ҲХДТ қадршиносӣ гардиданд.

Боиси хурсандист, ки ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат низ барои хизмати содиқона ба Ватан, ҳиссаи сазовор дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон, иштироки фаъолона дар татбиқи барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумуи кишвари азизамон, ба ифтихори ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи ҲХДТ сарфароз гардонида шуданд.

Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ Маҳмадалӣ Қурбонзодаро барои ин дастовардашон муборакбод гуфта, изҳори умед менамоянд, ки донишгоҳ роҳбарии ӯ дар роҳи амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва барномаҳои ин ҳизби созанда кӯшишу ғайрати бештар ба харҷ дода, дар ободонию шукуфоии ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми боз ҳам арзанда мегузоранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top