Рӯзи дониш дар донишгоҳ

Бинанда: 1069 | Санаи нашр: 01 Сентябр 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон имрӯз (01.09.2021) ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он сардори раёсати рушди стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода иштирок намуд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ Фарҳод Шаропов оғоз намуда, аҳли толор ва кулли омӯзгорону донишҷӯёнро аз номи ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат табрику таҳният гуфт ва аз дастовардҳои 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хидматҳои бузургу мондагори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сулҳу ваҳдати сартосарии кишвари азизамон ёдовар шуд.

 

Сипас, Хуршед Исмоилзода аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳро бо соли нави таҳсили 2021-2022 ва Рӯзи дониш табрик намуда, ба онҳо дар ин соли ҷашни бузурги давлатию миллӣ барору комёбӣ орзу намуд.

Дар идомаи чорабинӣ омӯзгорони шинохта фикру мулоҳизаҳои худро доир ба масоили зикршуда баён намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ Фарҳод Шаропов ба намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Исмоилзода барои иштирок ва суханронии пурмазмун изҳори сипос намуд.

Мавриди зикр аст, ки омӯзгорону донишҷӯён дар толору синфхонаҳои донишгоҳ чорабинии мазкурро ба тариқи видеоӣ тамошо намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top