Ваҳдати миллӣ – сарчашмаи ягонагии миллат

Бинанда: 1237 | Санаи нашр: 25 Июн 2021

Дар ҳақиқат ваҳдати миллӣ сарчашмаи ягонагии миллат маҳсуб ёфта, асоси сулҳу субот, таҳкиму пойдории давлат, рушду нумуъ ва зиндагии шоистаи мардуми кишварро ташкил медиҳад.

Ҷамъомади тантанавие, ки 25 –уми июни соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону кормандон ва унвонҷӯёну магистрон баргузор гардид, ба таҷлили ин санаи таърихиву муборак бахшида шуда буд.

Ҷамъомадро муовини якум, муовини ректор оид ба таълим Саймаҳмуд Саидов ҳусни оғоз бахшида, аҳли толорро аз номи ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллат табрику муборакбод гуфт ва дар бораи аҳамияти ваҳдати миллӣ, ки бо мафҳуми Истиқлолият дар як радиф меистад, ҳарф зада, нақши онро дар рушду шукуфоии кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардум барҷаста арзёбӣ кард.

Сипас, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, аъзои Корвони сулҳу ваҳдати Тоҷикистон дар шоҳроҳи ваҳдат Б. Ҳусейнов дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ”, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Ш. Ниёзов дар мавзӯи “Саҳми чавонони кишвар дар пойдории ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷоратӣ ва зиддикоррупсионӣ Ф. Алиев дар мавзӯи “Паҳлуҳои ҳуқуқии ваҳдати миллӣ” маърӯзаҳои пурмазмун намуда, доир ба аҳамияти сулҳу субот, роҳҳои боз ҳам мустаҳкамтар намудани ваҳдати миллӣ ва омӯзиши таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ суханронӣ карданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top