ВАҲДАТИ МИЛЛӢ САОДАТИ МИЛЛАТ АСТ

Бинанда: 1172 | Санаи нашр: 24 Июн 2021
Омӯзгорон ва донишҷӯёни гиромӣ!
Ҳамаи шуморо ба муносибати 24 – умин солгарди ваҳдати миллӣ, ки дар арафаи таҷлили бошукуҳи он қарор дорем, самимона табрику муборакбод гуфта, ба ҳар кадоматон дар роҳи боз ҳам пойдору мустаҳкамтар гардонидани ваҳдати миллӣ, ки тинҷию амонӣ, ободию шукуфоӣ ва зиндагии шоистаи мардуми шарифи Тоҷикистон аз он вобастагии зиёд дорад, кӯшишу ғайрат ва хираду андешаҳои солиму созандаро орзу дорам.
Дар ҳақиқат сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ неъмати аз ҳама бебаҳо ва арзишманд ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, мардуми сарбаланди тоҷик кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар боз ҳам мустаҳкамтар гардонидани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ҷаҳду талошҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат, махсусан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдории сулҳу ваҳдат ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зисту зиндагонии мардум ва ҳамдиливу ҳамбастагии онҳо зиёд ба назар расида, кӯшиши онро доранд, ки мардуми сарбаланди кишвар дар фазои сулҳу субот ва истиқлолияти комил зиндагӣ ва умр ба сар баранд.
Ҷанги шаҳрвандие, ки дар давраҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар рух дод, аз лавҳи хотири касе фаромӯш нашудааст. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба сари мардуми кишвар бадбахтиҳои зиёд оварда, боиси марги 150 ҳазор нафар гардид ва ба мамлакат ба миқдори беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари иқтисодӣ овард. Бояд қайд намуд, ки барои барқарор кардани Ҳукумати конститутсионӣ ва сулҳу суботи кишвар ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Пешвои миллат дар давраи бисёр ҳам мудҳиш аз ҳеҷ хавфу хатар ва таҳдидҳои дохиливу берунӣ наҳаросида, зимоми давлатдориро ба даст гирифт ва савганд ёд намуд, ки то охирон гурезаро ба Ватан барнагардонам, худро ором ҳис намекунам.
Дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам шуд, маҳз бо шарофати ҷаҳду талошҳои шабонарӯзии Пешвои маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27- уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Баъди ба тасвиб расидани ин санади тақдирсоз, ба лабони хурду бузурги мардуми кишвар ханда дамид. Маҳз ба ҳамин хотир, масъалаи ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати бениҳоят баланд дорад.
Дар яке аз суханрониҳояшон Пешвои маҳбуби кишвар дар бораи ваҳдати миллӣ чунин баён намуданд: “Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи 16 – уми Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт”.
Ҷанги шаҳрвандие, ки дар мамлакатамон тӯли панҷ сол, яъне аз соли 1992 то соли 1997 давом кард, ба сари мардуми кишвар бадбахтиҳои зиёд овард. Хоинону бадхоҳони миллат, ки саркардаи ин ҷанг буданд, баъди имзои созишномаи сулҳ низ дар давоми чандин сол кирдорҳои нопоку душманонаи худро идома дода, ҳатто якчанд маротиба ба табаддулоти ҳарбиву давлатӣ даст заданд, вале тирашон хок хӯрд.
Ба шарофати фарзандони баору номус ва фарзонаи миллати тоҷик, ки барои барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ талошу ҷоннисориҳои зиёд карданд, имрӯз мо дар фазои орому осуда кору зиндагӣ дорем. Аз ин хотир, ба қадри заҳмату ҷоннисориҳои фарзандони баору намуси ин ватану сарзамин бояд расид ва шукри истиқлолияту озодӣ намуд. Шукри онро бояд кард, ки нафари арзанда ва фидоии давлату миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб гардиданд ва бо қудуми неку файзбор, ақлу хирад ва ҷасорату матонаташон тавонистанд ба ин ҳама нобасомониҳо нуқта гузоранду ба сарзамини тоҷикон сулҳ биёранд.
Ин марди шариф бо ақлу хиради азалӣ ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии худ давлатро аз буҳрони шадиди сиёсиву иқтисодӣ берун баровард ва онро ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил дода истодааст.
Ҳоло Тоҷикистони азизи мо дар фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба сӯи фардои боз ҳам ободу осуда қадамҳои устувор мегузорад.
Бояд зикр кард, ки санаи 27-уми июн барои мардуми мо ҷашни бисёр ҳам арзишманд ба ҳисоб меравад ва дар саросари ҷумҳурӣ чун рӯзи ид бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Бори дигар Шумо омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни азизро ба ин рӯзи муборак табрику таҳният гуфта, орзуманди онам, ки парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои сулҳу субот доимо партавафшон бошад.
Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top