Конференсияи IX илмию амалии байналмилалӣ

Бинанда: 1025 | Санаи нашр: 18 Июн 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 18 – уми июни соли 2021 Конференсияи IX илмию амалии байналмилалӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир: масоили мубрами рушди иқтисодиёти инноватсионӣ” баргузор гардид.

Дар оғози конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фахриддин Самиев дар бораи мубрамияти рушди иқтисоди инноватсионӣ ибрози андеша намуда, ба кори конференсия барору комёбӣ орзу кард.

Сипас, дар ҷаласаи пленарӣ сардори раёсати илм ва инноватсия, профессор Раҷаб Раҷабов, мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият, дотсент Бойалӣ Ҳусейнов ва ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ Замир Нурмаҳмадов доир ба мавзӯи матраҳгардида бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.

Баъд аз нисфирӯзӣ кори конференсия дар бахшҳои гуногун идома меёбад.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top