Даври дуюми курси омӯзишӣ

Бинанда: 894 | Санаи нашр: 02 Июн 2021

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври дуюми курси омӯзишӣ таҳти унвони “Таҳлил дар иқтисодиёт”, ки аз 28-уми май то 2-юми июни соли 2021 дар доираи лоиҳаи “Таҳияи китоби дарсӣ оид ба таҳлил ва ҷорӣ намудани он ба барномаҳои таълимии ДДТТ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ” бо дастгирии молиявии шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода – Бунёди Мадад” дар Тоҷикистон гузаронида шуд, ҷамъбаст гардид.

Гурӯҳи кории лоиҳа, ки аз омӯзгорони кафедраи молия ташкил шуда буд, дар давоми панҷ рӯз ба донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун доир ба мавзӯъҳои иқтисодӣ ва молиявӣ маълумоти муфассалро манзур гардониданд.

Даври дуюми курси омӯзишӣ чун даври аввал ҷолибу хотирмон гузашта, боиси такмилу тавсеаи дониш ва маҳорату малакаи касбии донишҷӯён дар самти таҳлили иқтисодӣ гардид.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top