Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ

Бинанда: 1009 | Санаи нашр: 31 Май 2021

31-уми майи соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Конференсияи дувуми илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Ҳуқуқ ва иқтисод: масъалаҳои ҳуқуқии иқтисоди рақамӣ” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба кори конференсия муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фахриддин Самиев ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, докторони илмҳои ҳуқуқшиносӣ Солиҷон Иброҳимов ва Умрилло Меликов, номзадҳои илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷамрод Бобоев ва Субҳоналӣ Мирзоев дар масоили марбут ба кори конференсия бо маърӯзаҳои пурмазмун суханронӣ намуданд.

Инчунин, сардори раёсати илм ва инноватсия, профессор Раҷаб Раҷабов фикру мулоҳизаҳои худро доир ба мавзӯи зикргардида баён намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top