Дастоварди донишҷӯёни донишгоҳ

Бинанда: 1093 | Санаи нашр: 31 Май 2021

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рӯзҳои 28-ум ва 29-уми майи соли 2021 олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он як гурӯҳ донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар олимпиада донишҷӯёни зерин донишу маҳорати хуб нишон дода, ҷойҳои ифтихорӣ ва диплому ифтихорномаҳоро соҳиб шуданд:

Руё Абдул Алӣ, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ, аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи дуюм;

Мафтуна Нугманова, донишҷӯи курси дуюми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар бонкҳо, аз фанни назарияи иқтисодӣ сазовори ҷойи сеюм ва дипломи дараҷаи сеюм;

Моҳсафар Каримова, донишҷӯи курси якуми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ, аз фанни забони русӣ ва Давлатбек Саъдуллоев, донишҷӯи курси сеюми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалии тиҷоратӣ, аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ифтихорномаҳо гардиданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top