Таманниёти ректори ДДТТ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ҷавонони донишгоҳ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Бинанда: 1242 | Санаи нашр: 21 Май 2021

Омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки шурӯъ аз соли 1998 ҳамасола санаи 23-юми май дар саросари кишвар бо шукӯҳи хосса таҷлил карда мешавад, самимона муборакбод мегӯям.

Тоҷикистон воқеан ҳам кишвари ҷавонон аст, чунки беш аз 70%-и онро ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонони то 35 сола, ки нерӯи бузург ва созандаи имрӯзу фардои миллат дониста мешаванд, ташкил медиҳад.

Маҳз ҳамин ҷиҳатро ба инобат гирифта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали Роҳбари давлат интихоб гардиданашон нисбати ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои махсус зоҳир намуданд ва имрӯз низ ин ғамхориву дастгириро идома дода истодаанд.

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” аз 13-уми марти соли 1992, таъсис додани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 1-уми январи соли 1997, ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ намудани Низомнома дар бораи ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз 3-юми августи соли 1998, таҳти №301 барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён нишон додаанд, Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ва дигар ҷоизаҳо дар соҳаи илм, маориф, адабиёт, ҳунар, аз ҷумлаи ғамхориҳои ҳамешагии Ҳукумати мамлакат, бахусус, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин қишри ҷомеа мебошанд. Тавре ки Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ менамоем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”.

Дар ҳақиқат имрӯз мо ба кадом соҳае, ки назар наафканем, нақши арзишманди ҷавонони саодатманди кишвари азизамонро ба хубӣ мебинем ва эҳсос менамоем, ки воқеан ҳам онҳо ободкунандагону созандагони имрӯзу фардои Ватани маҳбубамон мебошанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки саҳми ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, бахусус, олимону муҳаққиқони ҷавон дар рушди илми ватанӣ ва тайёр кардани мутахассисони ба талаботи замони муосир рақобатпазир хеле калон аст.

Тавре ки дар боло иброз доштам, бо мақсади дастгирии ҷавонони болаёқат аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ таъсис дода шуд ва хушбахтона, 10 нафар олими ҷавони донишгоҳ ба ин мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шудаанд, ки ин албатта, дастоварди беназир аст. Агар ба таърихи донишгоҳи азизамон, воқеъбинона назар афканем, мебинем, ки донишгоҳ тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвар ба комёбиву дастовардҳои зиёде ноил гардидааст, ки дар бадастовардани онҳо саҳми ҳар кадоми Шумо назаррас аст.

Ҳамкасбон ва донишҷӯёни азиз!

Имрӯз ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз ободию шукуфоии кишвари маҳбубамон, ки бевосита ба туфайли ҷаҳду талош, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва роҳбарии оқилонаю хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, меболад ва ифтихор мекунад, ки дар чунин Ватани ободу зебо зиндагӣ ва кору фаъолият менамояд.

Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ин ҳама ободиву зебогӣ, сулҳу суботи саросарии кишвар ва дилпуронаю устуворона гом гузоштан ба сӯйи музаффариятҳои навбатӣ ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, ки ба рушди ҳамаҷонибаи кишвари азизамон нигаронида шудааст, натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, алалхусус муроҷиати Сарвари давлат дар оғози давраи роҳбариашон ба ҳар як фарди тоҷик мебошад, ки чунин буд: “Ин сарзамини муқаддас ба мо аз аҷдоди заҳматкашидаамон ба ёдгор мондааст ва маҳз мову Шумо бояд онро гиромӣ дорем, ба мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем, дар рушду тараққии он саҳм гузорем ва он марзу бумро ба наслҳои оянда ба гунаи шоиста ба ёдгор монем, то ворисони мо ба таърихи худ ба назари эҳтиром бингаранд”.

Бешубҳа, коллективи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ дастовардҳои хешро аз пайи қадами неку файзбори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаашон, яъне ташрифашон ба донишоҳ дар Рӯзи дониш (соли 2009) медонанд.

Суханронӣ дар Рӯзи дониш ва баҳои баланди Пешвои миллат, ки гуфта буданд: “Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон бо татбиқи низоми кредитӣ ба як қатор дастовардҳо ноил гардиданд. Дар давоми панҷ соли охир дар донишгоҳи мазкур дигаргуниҳои куллӣ ба миён омаданд. Аз ҷумла, робитаи донишгоҳ бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ вусъат ёфта, заминаи моддиву техникии он хеле беҳтар шудааст. Донишгоҳ барои гузаштан ба низоми нав мутахассисони хориҷиро ҷалб карда, ҳамзамон бо ин, барои таҷрибаомӯзии устодони донишгоҳ дар дигар кишварҳо имконият пайдо кардааст ва дар натиҷаи ҷорӣ кардани низоми мазкур ба баланд гардидани сифати таълим муваффақ шудааст”, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳро рӯҳбаланд гардонида, ба сӯйи дастовардҳои нав ба нав раҳнамун сохт.

Барои тақвият бахшидани донишҳои нави илмӣ ва саводнок гардонидани наврасону ҷавонон озмунҳои гуногуни илмию фарҳангӣ баргузор гардида истодаанд. Масалан, озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, аз ҷумлаи озмунҳоест, ки тавонист исбот созад, ки ҷавонони мо ба омӯхтани илму дониш шавқу рағбат ва талошҳои зиёд доранд. Ин озмун сол аз сол бо наминатсияҳои нав ба нав ба роҳ монда шуда истодааст. Дар баробари ин, озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” низ барои санъаткорони ҷавон замина гардид, ки ҳунари доштаи худро нишон диҳанд ва ин озмунҳо тавонистанд, ки чеҳраҳои нави илму санъатро рӯи саҳна биёранд. Илова бар ин, барои рушд бахшидани илмҳои дақиқу риёзӣ “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардид.

Дар Паёми имсолаашон Президенти мамлакат озмуни наверо бо номи “Илм-фурӯғи маърифат” эълон намдуданд ва иброз доштанд, ки: ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад.

Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз ҳар як ҷавони бонангу номусро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ аз Ватану миллати худ ифтихор кунад, ватандӯст бошанд ва манфиатҳои кишварро аз ҳар гуна манфиатҳои дигар боло дониста, баҳри ободиву осоиштагӣ ва рушди Ватани маҳбубамон содиқонаю софдилона кӯшиш ба харҷ диҳанд ва бо кору пайкор ва ташаббусҳои бунёдкоронаву созанда пайравони Пешвои миллат будани худро собит намоянд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад”.

Яъне мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафту нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем.

Рӯзи ҷавонони кишварро бори дигар ба ҳамаатон муборакбод мегӯям! 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top