Семинари омӯзишӣ

Бинанда: 848 | Санаи нашр: 19 Май 2021

Дар донишгоҳ 18-уми майи соли 2021 семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Усулҳои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Дар семинар мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият Бойалӣ Ҳусейнов суханронӣ намуд. Ӯ аз ҷумла, иброз дошт, ки бо дарназардошти татбиқи донишҳои назариявӣ дар амалия, донишгоҳ бо зиёда аз чил ташкилоту корхонаҳои истеҳсолӣ шартнома ба имзо расонида, талаботи онҳоро дар бораи гузаронидани таҷрибаомузии истеҳсолии донишҷӯён ба эътибор мегирад.

Сипас, мудирони кафедраҳои тахассусӣ ва роҳбарони таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ андешаҳояшонро доир ба мавзӯи матраҳгардида баён намуданд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top