ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОНИ ДУШАНБЕ: "ҶАВОНОН ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ"

Бинанда: 1038 | Санаи нашр: 08 Май 2021

7-уми май дар толори Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” баргузор гардид.

Фестивал бо мақсади иҷрои банди 5-и Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии пойтахт, ҳифзи меросҳои фарҳангӣ ва манфиатҳои миллӣ доир мегардад.

Дар маросими ифтитоҳи Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони “Ҷавонон дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ” меҳмонон аз вазорату идораҳо, ташкилоту системаҳои шаҳрӣ, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун, муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии пойтахт иштирок намуда, нахуст аз дастовардҳои варзишгарону ҷавонони ихтироъкори донишгоҳу донишкадаҳои олии шаҳри Душанбе, ки дар даромадгоҳи Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун» ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуданд.

Дар расми ифтитоҳи фестивал муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ намуда, меҳмонону иштирокдоронро аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо итфитоҳи тантанаҳо бахшида Рӯзи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе табрик намуда, дар роҳи татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, ободу зебо нигоҳ доштани пойтахти кишвар, муаррифии фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик ба ҷаҳониён, ҳифзу ҳимояи марзу буми меҳан ва манфиатҳои миллию давлатӣ муваффақияту пирӯзӣ таманно намуд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top