Шодбошӣ

Бинанда: 1129 | Санаи нашр: 28 Апрел 2021

Ба шарофати соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон дар баробари дигар соҳаҳо, соҳаи илму маорифи кишвар низ рушд ёфта, сафи олимону муҳаққиқон, бахусус аз ҳисоби ҷавонони болаёқат афзуда истодааст.

Боиси хурсандист, ки дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон низ ин тамоил рӯ ба афзоиш аст. Далели равшани ин гуфтаҳо дар мавзӯъҳои гуногуни муҳим бомуваффақият ҳимоя намудани рисолаҳои номзадию доктории омӯзгорони донишгоҳ аст.

Аз ҷониби омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкорӣ Низомиддин Валиев бомуваффақият дифоъ намудани рисолаи илмӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дар мавзӯи “Ташаккул ва рушди фаъолияти соҳибкории хурд (дар мисоли савдои чаканаи Ҷумҳурии Тоҷикистон)”, дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-020-и назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон сафи олимону муҳаққиқони донишгоҳро зиёд намуд.

Раёсат ва ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ Низомиддин Валиевро бо ин дастоварди илмиашон самимона шодбош гуфта, ба ӯ дар фатҳи қуллаҳои минбаъдаи илм барору комёбӣ таманно доранд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top