Таманниёти Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бинанда: 804 | Санаи нашр: 28 Апрел 2021

Муҳтарам Муҳаммадюсуф Сайдалӣ!

Раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Шуморо бо зодрӯзатон, ки ба ин рӯзҳои хушу файзбори баҳори нозанин рост меояд, самимона муборакбод гуфта, бароятон тани сиҳат, иқболу обрӯ ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки Шумо вазири муҳтарамро кормандони соҳаи маорифи кишвар ҳамчун як чеҳраи намоён ва олими шинохтаи мамлакат хуб медонанд, эҳтиром мекунанд ва ба Шумо эътиқод ва эътимод доранд. Зеро Шумо ҳамчун олими асил ва мутахассиси варзида тамоми умри бобаракати хешро дар роҳи пуршарафи омӯзгорӣ, ки заҳмати зиёдро тақозо мекунад, сарф намудаед.

Далели ин гуфтаҳо ҳазорҳо нафар шогирдони болаёқате, мебошанд ки таълиму тарбияи Шуморо гирифта, имрӯз дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат содиқонаю софдилона заҳмат кашида истодаанд. Боиси хурсандист, ки қисми зиёди онҳо соҳаи илмро ихтиёр карда, имрӯз ба пояи баланди илм ва дараҷаи устодӣ расидаанд.

Муҳтарам Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, Шумо дар баробари софдилонаю содиқона хидмат кардан ба халқу Ватан ва дар сатҳи баланд иҷро намудани масъулияти базиммадоштаатон, бо таҳқиқотҳои арзишманди илмӣ мақом ва ҷойгоҳи хоссаи худро пайдо кардаед, ва мактаби илмии худро доред, ки пайравони он имрӯз хеле зиёданд.

Мо чун дигар кормандони соҳаи илму маориф саҳми арзандаи шуморо дар пешрафти ин соҳаи муҳим барҷаста медонем ва боварӣ дорем, ки соҳаи илму маорифи Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Шумо минбаъд низ рушд карда, ба натиҷаҳои боз ҳам баландтар ноил мегардад.

Ҳамчун шахсияти ватандӯсту ватанпараст ва ободкор эътироф гардидани Шумо аз ҷониби на танҳо насли калонсол, балки насли ҷавону саодатманди кишвар бозгӯи кӯшишу ғайрати зиёд ва заҳматҳои ҳамешагии Шумо баҳри густариш ва рушди соҳаи илму маорифи кишвар мебошад.

Бори дигар Шуморо бо мавлудатон муборакбод гуфта, дар фаъолияти пурсамари роҳбарӣ ва илмию тадқиқотиятон барору комёбӣ таманно дорем.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top