Ҷамъбасти “Ҳафтаи илм”

Бинанда: 1010 | Санаи нашр: 26 Апрел 2021

26-уми апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон “Ҳафтаи илм” ҷамъбаст гардид.

Ҳамоишро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Фахриддин Самиев бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда, доир ба чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла конференсияву мизҳои мудаввар ва иштироки фаъолонаи омӯзгорону донишҷӯён сухан гуфт.

Сипас, сардори раёсати илм ва инноватсия, профессор Раҷаб Раҷабов дар бораи натиҷаи конференсияи илмӣ-назариявии омӯзгорону донишҷӯён, фаъолияти пурбори роҳбарони бахшҳои гуногун, беҳтарин маърӯзаҳои илмии донишҷӯён, ҷалби онҳо ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, нашри мақолаҳои илмии беҳтарини донишҷӯёну магистрантон дар рӯзномаи “Тоҷир” ва маҷаллаи “Паёми ДДТТ” ибрози андеша намуд.

Дар анҷоми ҳамоиш Фахриддин Самиев натиҷаву дастовардҳои “Ҳафтаи илм”-ро дар донишгоҳ хурсандибахш арзёбӣ намуда, аз номи роҳбарият ба кулли омӯзгорону донишҷӯён изҳори сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top