Рушди низоми молия дар кишвар

Бинанда: 1159 | Санаи нашр: 22 Апрел 2021

22-юми апрели соли равон дар донишгоҳ дар доираи “Ҳафтаи илм” мизи мудаввар дар мавзӯи “Рушди низоми молия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.

Мизи мудавварро бо сарсухан декани факултети молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ Баҳриддин Нурдинов оғоз намуда, ба кори он муваффақият хост.

Сипас, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор А Ҷабборов дар мавзӯи “Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар партави Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар”, номзади илмҳои иқтисодӣ Л. Раҳмонов дар мавзӯи “Лизинги молиявӣ ва аҳамияти он барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ”, муаллими калони кафедраи молия С. Раҳматов дар мавзӯи “Иҷрои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва таъсири пандемияи Ковид-19 ба иҷроиши он”, муаллими калони кафедраи молия К. Алимов дар мавзӯи “Маблағгузории сарикасии соҳаи маориф: мушкилот ва дастовардҳои он дар шароити муосир” ва докторанти (PhD) П. Наботова дар мавзӯи “Хусусиятҳои хосси шарикии ҷамъиятӣ – хусусӣ дар соҳаи иҷтимоӣ” бо маърӯзаҳои ҷолиб суханронӣ намуданд.

Дар анҷоми мизи мудаввар сардори раёсати илм ва инноватсия, профессор Раҷаб Раҷабов ба маърӯзачиён барои таҳлилу баррасии мавзӯи матраҳшуда изҳори сипос намуд.

Шуъбаи табъу нашр

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top