Танзим - баракати зиндагӣ

Бинанда: 1387 | Санаи нашр: 22 Декабр 2020

22-юми декабри соли 2020 дар  донишгоҳ  мизи мудаввар дар мавзӯи “Танзим - баракати зиндагӣ” гузаронида шуд, ки дар он  сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ, намояндагони раёсати донишгоҳ, деканони факултетҳо ва  омӯзгорон иштирок доштанд. Мизи мудавварро бо сарсухан сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ Файз Акрамов ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро хайрамақдам гуфтанд.

Сипас, Сиёвуш Наботов - муаллими калони кафедраи ҳуқуқи тиҷорат дар мавзӯи “Нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи ҷашну маросими миллию динӣ”, Нурмаҳмад Мирзоев - мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон дар мавзӯи “Таъмини нуфузи арзишҳои суннатӣ, фарҳангиву мардумӣ ва устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ” ва Ҷамила Ғафурова - мутахассиси кор бо занон дар мавзӯи “Риояи татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»” дар донишгоҳ маърӯза намуда, андешаҳояшонро доир ба ин мавзӯи муҳим баён карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ суханронӣ намуда, чорабиниро ҳусни анҷом бахшид.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top