Ҳизби мардумӣ барои тарзи ҳаёти солим

Бинанда: 1110 | Санаи нашр: 19 Декабр 2020

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ изҳор карда, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ менамояд.

19-уми декабри соли 2020 104-нафар донишҷӯи донишгоҳ ба ҳайси тамошобин дар мусобиқаи варзишӣ аз рӯи футболи хурд, ки ба муносибати 26-умин солгарди  таъсисёбии ҲХДТ дар байни дастаҳои кормандони Кумитаи марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ гузаронида шуд, иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ Абдуҷаббор Азизӣ, муовини якуми ҲХДТ Паёми шодбошии Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 26-умин солгарди ҲХДТ ироа намуд.

Дар фарҷоми мусобиқаи варзишӣ ба ғолибон диплом, медал ва ҷом тақдим гардид.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top