Тадбири муҳим

Бинанда: 1259 | Санаи нашр: 19 Декабр 2020

Раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ташаббуси муҳимму созандаи “Шаҳри сабз”-и раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро комилан дастгирию ҷонибдорӣ намуда, дар доираи он корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва тозаю озода намудани ҳудуди донишгоҳро идома медиҳад.

19-уми декабри соли 2020 дар донишгоҳ вобаста ба ҳамин иқдоми бунёдкорона омӯзгорон ва кормандони хоҷагӣ майдончаҳои сабзу зеборо аз хазонреза тозаю озода карда, бехи дарахтонро нарм намуданд.

Корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва тозаю озода намудани ҳудуди донишгоҳ намою манзараи ин боргоҳи илмро дубора зебою дилрабо гардонида, ба боло рафтани завқи зебоишиносию зебоипарастии омӯзгорон ва донишҷӯён мусоидат менамояд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top