Дар доираи Стратегияи муқовимат бар зидди коррупсия

Бинанда: 1190 | Санаи нашр: 18 Декабр 2020

18-уми декабри соли 2020 бо саъю кӯшиши раёсати ДДТТ ва Ташкилоти ҷамъиятии муқовимат бо коррупсия ва экстремизм дар доираи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020” ва “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” семинари илмӣ - амалӣ дар мавзӯи “Коррупсия, экстремизм ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир” гузаронида шуд, ки дар он раиси Ташкилоти ҷамъиятии муқовимат бо коррупсия ва экстремизм Миралӣ Назаров, намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники адлия Гулмаҳмад Бобоҷонзода, намояндаи Вазорати корҳои дохилии кишвар Сино Ҳусейнзода, намояндаи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Раҳмонов ва омӯзгорони донишгоҳ иштирок намуданд.

Меҳмонон доир ба коррупсия, экстремизм ва терроризм, ки ҳамчун падидаи номатлуб боиси таназзули ҳамаҷонибаи давлат ва ҷомеа мегардад, ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷоми семинар аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии муқовимат бо коррупсия ва экстремизм ба як гурӯҳ фаъолоне, ки дар самти мубориза ба падидаҳои номатлуб саҳми арзанда гузоштаанд, ифтихорнома супорида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top