ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ

Бинанда: 1060 | Санаи нашр: 15 Декабр 2020

15-уми декабри соли 2020 ҳайати раёсати  ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академии донишгоҳ бо донишҷӯёни хориҷие, ки дар донишгоҳ таҳсил доранд, вохӯрӣ гузаронид.
Мақсади вохӯрӣ аз шинос шудан бо будубош, шароит, раванди таҳсил ва имтиҳонсупории донишҷӯёни хориҷӣ иборат буд.

Ба донишҷӯён мутахассисони раёсат доир ба масъалаи дар сари вақт тамдид намудани ҳуҷҷатҳо барои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон  маслиҳату машварат ва тавсия доданд ва дар бораи назорати доимии омадурафти онҳо, риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ дар  донишгоҳ ва хобгоҳи он сухан гуфтанд.

Дар ҳамоиш, инчунин, доир ба иштироки донишҷӯёни хориҷӣ дар тадбирҳои донишгоҳӣ, ба мисли конфронсу нишастҳои гуногун,  сайёҳат ба мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон, ташкил намудани гӯшаи махсус барои донишҷӯёни хориҷӣ, чопи мақолаҳо дар ҳафтаномаи “Тоҷир” ва дигар масъалаҳои муҳим ибрози андеша карда шуд.Дар фарҷоми ҳамоиш мутахассисони раёсат ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

 
Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ,  татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top