Ҳизби бунёдкор

Бинанда: 1021 | Санаи нашр: 11 Декабр 2020

Ба муносибати 26-умин солгарди ҲХДТ дар донишгоҳ таҳти унвони “Зан ва ҷомеа”  бо иштироки Бобоева Г.И.- мудири шӯъбаи кор бо занон доир ба масоили гендерии назди Кумитаи марказии ҲХДТ, Маҳмадзода Н.- мудири шӯъбаи кор бо занон дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Шукурзода С. -муовини раиси МИҲД дар ноҳияи Фирдавсӣ, Сафарзода З. - корманди МИК ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва занону донишҷӯдухтарони фаъоли донишгоҳ ҳамоиш баргузор гардид. Ҳамоишро бо сарсухан Ҷамила Ғафурова мутахассиси кор бо занони донишгоҳ ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро аз номи маъмурияти донишгоҳ ба ин рӯз табрику таҳният гуфтанд.

Сипас Бобоева Г.И. Паёми шодбошии Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 26-умин солгарди ҲХДТ ироа намуд.

Маҳмадзода Н. бошад, дар мавзӯи “Зан ва ҷомеа” маърӯзаи пурмазмун намуда, нақши занонро дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба таври шоиста арзёбӣ кард.

Дар фарҷоми ҳамоиш Ҷамила Ғафурова аз фаъолияти занони донишгоҳ ёдовар шуда, зикр карданд, ки занони донишгоҳ минбаъд низ ба давлату миллати хеш содиқона хизмат намуда, дар ободию шукуфоии кишвар саҳми назаррас мегузоранд.

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top