Дар доираи барномаи ЮНЕСКО

Бинанда: 1104 | Санаи нашр: 10 Декабр 2020

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро бо макотиби олии ИДМ, Осиё, Аврупо ва аз ҷумла, бо Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи шаҳри Белгороди Федератсияи Россия дар доираи барномаи созмони ЮНЕСКО ба роҳ мондааст.

10-уми декабри соли ҷорӣ семинари онлайнии байналмилалӣ оид ба рушди иқисодиёт, ҷаҳонишавӣ ва коопертасия дар доираи созмони ЮНЕСКО ба муносибати 75-солагии Созмони Милали Муттаҳид ва ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони Донишгоҳи кооператсия, иқтисод ва ҳуқуқи шаҳри Белгород, Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Донишгоҳи кооператсияи матлуботи шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия, Донишгоҳи савдо ва иқтисоди кооператсияи матлуботи шаҳри Гомели Ҷумҳурии Беларус, Донишгоҳи иқтисодии кооператсияи матлуботи шаҳри Карағандаи Ҷумҳурии Қазоқистон, Донишгоҳи савдои кооперативии Ҷумҳурии Молдова, коллеҷи Авид дар Малдив ва Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон гузаронида шуд.

Дар доираи семинар муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доктори илми иқтисод, дотсент Заррина Қодирова маърӯза дар мавзӯи "Иқтисод ва таълими соҳибкорӣ" ва ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалии донишгоҳ  Шаҳбол Темуров маърӯза дар мавзӯи “Нақши Созмони Милали Муттаҳид дар шароити ҷаҳонишавӣ ва ҳамгироӣ” пешниҳод намуданд.

Дар фарҷоми семинар аз ҷониби масъулин ба иштирокдорон барои ҳамкории судманд изҳори сипос карда шуда, таъкид гардид, ки дар оянда низ ҳамкориҳои муштарак байни ҷонибҳо боз ҳам рушду густариш хоҳад ёфт.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top