Шӯрои сарпарастон

Бинанда: 1106 | Санаи нашр: 09 Декабр 2020

9-уми декабри соли равон дар донишоҳ ҷаласаи Шӯрои сарпарастон баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба таълиму тарбия Толибов Қ.Қ. ва аъзои Шӯро иштирок намуданд.

Ҷаласаро Қобил Толибов ифтитоҳ намуда, рӯзномаи Шӯроро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, сардори раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ, дотсент Файзалӣ Акрамов доир ба раванди татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар донишгоҳ гузориш доданд.

Мудири шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият Саодат Нуралихонзода диққати ҳозиринро ба ҳолати корҳои тарбиявӣ дар факултети тиҷорат ва гумрук ҷалб намуда, аз хусуси корҳои тарбиявӣ, мушкилот ва роҳи ҳалли онҳо суханронӣ карданд.

Музаффар Мӯсоев, сардухтури бунгоҳи тиббӣ дар бораи аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаштани ҳайати омӯзгорону кормандони донишгоҳ, риояи қатъии чораҳои санитарию эпидемиологӣ, аз ҷумла, риояи гигиенаи шахсӣ, фосилаи иҷтимоӣ, истифодаи даҳонбанди тиббӣ, маҳлули безараргардонӣ аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён ба таври муфассал гузориш доданд.

Дар қисми масъалаҳои ҷорӣ Қобил Толибов доир ба иштироки фаъолонаи омӯзгорон дар таълиму тарбияи донишҷӯён, татбиқи Консепсияи миллии тарбияи кишвар дар донишгоҳ, риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, тартиботи дохилидонишгоҳӣ ва сари вақт ба имтиҳоноти ҷамъбастӣ ҳозир шудани донишҷӯён ибрози назар карданд.

Дар хотимаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top