Дар доираи лоиҳаи UniCEN

Бинанда: 1179 | Санаи нашр: 09 Декабр 2020

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро бо макотиби олии ИДМ, Осиё, Аврупо ва аз ҷумла, бо Донишгоҳи Небраскаи Штатҳои Муттаҳидаи Америка дар доираи лоиҳаи UniCEN (Барномаи шарикии Донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) ба роҳ мондааст.

Дар доираи лоиҳа 9-уми декбари соли равон лексияи онлайнӣ аз ҷониби профессорон-Патрик Макнамара ва Конни Шаффер аз донишгоҳи мазкур дар мавзӯи “Таҳсилоти олӣ дар шароити коронавирус” (“Higher Education Response to COVID-19”) барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии онлайнӣ омӯзгорони донишгоҳ ва Донишгоҳи Небраска доир ба раванди дарсҳо, ҷалби донишҷӯён барои таҳсили фаъолона ва дигар роҳҳои баланд бардоштани шавқу завқи онҳо барои омӯзиш дар давраи бемории сироятии КОВИД-19 табодули афкор намуданд.

Дар доираи лоиҳаи UniCEN ва нақшаи таҳияшуда профессорони Донишгоҳи Небраска силсилаи лексияҳои онлайнӣ доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз барои омӯзгорони ДДТТ баргузор хоҳанд намуд. Мавриди зикр аст, ки 24 нафар омӯзгори кафедраи забони англисӣ ва робитаҳои байнифарҳангӣ ва кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ, 4-уми ноябри соли равон дар нахустин лексияи онлайнӣ, ки аз ҷониби профессори донишгоҳи мазкур Аста Рeйф дар мавзӯи “Таълими фаъолона дар шароити коронавирус” (“Engaged Teaching in Age of Coronavirus”) гузаронида шуд, иштироки фаъол доштанд ва аз ҷониби раёсати Донишгоҳи Небраска соҳиби сертификат гардиданд.

Дар фарҷоми семинар иштирокунандагон доир ба масоили мавриди назар фикру мулоҳизаи худро баён намуданд.

Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top