То нафас боқист гулпарвар шавед!

Бинанда: 1154 | Санаи нашр: 08 Декабр 2020

Дар ҳақиқат, гул на танҳо рамзи садоқату муҳаббат, балки покию зебоӣ ва афзудани ҳисси зебоишиносию зебоипарастии инсонҳост. Аз ин ҷост, ки ҳар як инсон бо дидани гули зебою хушбӯй қалбаш лабрези фараҳ гардида, аз шодӣ чун гул мешукуфад.

Таваҷҷуҳи афзуни шаҳрдорӣ ба масъалаи ободонию хуррамгардонӣ, бахусус, ба шаҳри гулҳо табдил додани пойтахти кишварамон – Душанбешаҳр имкон дод, ки сокинону меҳмонони пойтахт аз гулгашту хиёбон ва манзараҳои зебои он дидан карда, як ҷаҳон ҳаловат ва завқи эстетикӣ баранд.

Боиси хурсандист, ки дар донишгоҳи мо низ ба масъалаи сабзу хуррамгардонӣ, аз ҷумла шинонидани гулҳои мавсимии зимистонӣ ва дарахтони ҳамешасабзу сояафкан диққати зарурӣ дода, дар ин самт як қатор корҳоро ба сомон расониданд ва минбаъд низ дар доираи иқдоми “Шаҳри сабз” – и раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ корҳои сабзу хуррамгардониро идома медиҳанд.

Як даста гули димоғпарвар,

Аз хирмани сад гиёҳ беҳтар!

 Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

 

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top