Рӯзи байналмилалии ризокор

Бинанда: 1058 | Санаи нашр: 05 Декабр 2020

5-уми декабри соли 2020 дар  донишгоҳ  ҳамоиш ба муносибати Рӯзи байналмилалии ризокор  бо иштироки муовини ректор оид ба таълиму тарбия, намояндагони раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ ва 40 нафар ризокор гузаронида шуд. Ҳамоишро бо сарсухан ноиби ректор оид ба таълиму тарбия Қобил Толибов ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро ба ин рӯз табрику таҳният гуфтанд. Сипас Нурмаҳмад Мирзоев,  мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон дар мавзӯи “Таърихи пайдоиши ҳаракати ризокорӣ” ва Ҷамила Ғафурова мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон дар мавзӯи “Ризокорони донишгоҳ дар гузаронидани тадбирҳои муҳим дар шароити COVID-19” ибрози назар карданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш ризокорони донишгоҳ доир ба фаъолияти ризокории худ суханронӣ намуда, зикр карданд: “Мо ваъда медиҳем, ки дар ҳама ҳолат ба давлату миллати хеш содиқона ва бо хоҳиши дил хидмат менамоем”.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top