ДАР ДОИРАИ ИҚДОМИ “ШАҲРИ САБЗ”

Бинанда: 1203 | Санаи нашр: 05 Декабр 2020

5-уми декабри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар партави сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдоми муҳимми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ва сабзу хуррам гардонидани Душанбешаҳр тадбири муҳимму зарурии сабзкорию ободонӣ гузаронида шуд, ки дар он омӯзгорон, кормандони хоҷагӣ ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.

Аз ҷониби иштирокдорони тадбири “Шаҳри сабз” дар якчанд майдони сабзу майсазори донишгоҳ ниҳолҳои зебои ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шуд, ки намою манзараи ин боргоҳи илму маърифатро дубора зебою дилрабо мегардонад. Ин амали нек ба боз ҳам ободу зебо гардидани ҳудуди донишгоҳ ва беҳтар шудани муҳити зист мусоидат менамояд.

Раёсат, ҳайати илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯёни донишгоҳ иқдоми муҳимму арзандаи “Шаҳри сабз” - и раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ҳамаҷониба дастгирию ҷонибдорӣ намуда, ба ифтихори ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш мекунанд, ки дар оянда низ бунёдкориву созандагӣ ва сабзу хуррамгардониро дар донишгоҳ идома медиҳанд ва саҳми шоистаи худро дар ободонию шукуфоии шаҳри Душанбе мегузоранд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top