Президенти мо-ифтихори мо

Бинанда: 2855 | Санаи нашр: 16 Ноябр 2020

Чанде пеш бо саъю кӯшиши садорати факултети иқтисодиёт ва менеҷмент семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Президенти мо-ифтихори мо” баргузор гардид.

Дар семинар муаллими калони кафедраи менеҷмент ва иқтисодиёти меҳнат Зафар Абдуллоев доир ба мавзӯи “Пешвои миллат – роҳнамои миллат”, донишҷӯён Амрулло Ҳайдаров, Мадина Нозанинзода, Шабнам Азизова, Парвина Ҳоҷиева, Оиша Убайдова, Файзигул Исломова оид ба нақши Президент дар рушду ободонии Тоҷикистони биҳиштосо маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Инчунин, Муҳаммад Раҳматзода дар мавзӯи “Президенти мо сулҳпарвар” ва донишҷӯён Таманно Каримова, Дилноза Назарова, Назира Дайхудоева роҷеъ ба мавзӯи мавриди назар шеърҳо қироат намуданд.

Дар раванди мизи мудаввар донишҷӯён Хуршед Салимов ва Темурмалик Шамсзода дар мавзӯъҳои “Ифтихори миллии тоҷикон рӯҳияи истисногароӣ надорад” ва “Президент кафили сулҳу ваҳдат” сухан гуфта, нақши Президентро дар ташаккули ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон бесобиқа арзёбӣ намуданд.

Садорати факултети иқтисодиёт ва менеҷмент

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top