Низоми муосири идоракунӣ

Бинанда: 1030 | Санаи нашр: 14 Ноябр 2020

14-уми ноябри соли 2020 дар толори диссертатсионии донишгоҳ семинар – тренинг дар мавзӯи “Низоми идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ” бо иштироки муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва таъмини таҳсилот, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Фарҳод Шаропов, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ гузаронида шуд.

Семинарро Муҳиддин Ҳамитов бо сарсухан оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Сипас, Неъматулло Дилоев, декани факултети таҳсилоти фосилавӣ дар мавзӯи “Афзалият ва мушкилоти низоми таҳсилоти фосилавӣ” ва Фаррух Сангинов дар мавзӯи “Низоми идоракунии раванди таҳсилоти фосилавӣ (барномаи идоракунии раванди таълим – Moodule)” маърӯза намуданд.

Дар фарҷоми ҳамоиш нотиқон ба суолҳои аҳли нишаст посух гуфтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top