Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ

Бинанда: 1421 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2020

13-уми ноябри соли 2020 дар донишгоҳ бо кӯшиши  кафедраи маркетинг ва тиҷорати факултети тиҷорат ва гумрук конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи: “Бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе: ҳолат ва дурнамои рушд” гузаронида шуд.

Семинарро муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Фарҳод Шаропов оғоз намуда, доир ба мавзӯи мавриди назар сухан кард. Сипас муаллими калони кафедра Мавҷудахон Ҳикматова дар мавзӯи “Таҳлили нишондиҳандаҳои баҳодиҳии вазъи бозори истеъмолӣ дар Тоҷикистон” маърӯза намуд. Муаллимони калони кафедра Сабрина Ясакиева дар мавзӯи “Рушди савдои наздисарҳадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мисоли ВМКБ” ва маърӯзаи Абдураҳмони Ҳакимзода дар мавзӯи “Таҳлили вазъи муосири фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии Суғд” маърӯза пешниҳод карданд.

Аҳли нишаст мавзӯъҳои ироашударо мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.

Кафедраи маркетинг ва тиҷорат

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top