Пирӯзмандони даври якуми олимпиада

Бинанда: 1194 | Санаи нашр: 12 Ноябр 2020

Кафедраи забонҳо давраи якуми олимпиадаро аз фанни забони тоҷикӣ дар байни донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва ҳуқуқ дар таърихи 12-уми ноябри соли 2020 гузаронид.

Дар даври якуми олимпиада аз факултет 48 нафар донишҷӯ иштирок намуд, ки аз байни онҳо 12 нафар ба даври дуюми олимпиада роҳхат гирифтанд.

13-уми ноябри соли равон дар факултет даври якуми олимпиада аз фанни назарияи иқтисодӣ низ гузаронида шуд, ки дар он 51 нафар донишҷӯ аз курси 1 то 4 иштирок намуд. 

Аз байни иштирокдорон 18 нафар донишҷӯ, ки натиҷаи хуб нишон доданд, ба даври дуюми олимпиада гузаштанд.      

Кафедраи забонҳо ва кафедраи назарияи иқтисодӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top