Фестивали дӯстӣ

Бинанда: 1218 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2020

13-уми ноябри соли 2020 дар Филармонияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саъю кӯшиши Раёсати  кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, сарпарастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи кишвар ҳамоиши ҷамъбастии “Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе” таҳти унвони “Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!” аз рӯи чор навъи  варзиш ташкил ва баргузор гардид.

Дар фестивал дастаи футболбозони донишгоҳ барои гирифтани ҷойи якум дар байни макотиби олии шаҳри Душанбе аз ҷониби муовини раиси шаҳр Мавсума Муинӣ  ва муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода бо диплом ва ҷом сарфароз гардонида шуданд.

Ба раёсати донишгоҳ низ аз ҷониби шаҳрдорӣ ба муносибати Рӯзи Президент барои ҳамкории мутақобилан судманд, тарбияи насли ҷавон ва мусоидат намудан дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ва рушди соҳаи варзиш сипоснома супорида  шуд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top