Зан – сарчашмаи маърифат

Бинанда: 1092 | Санаи нашр: 12 Ноябр 2020

12– уми ноябри соли 2020 дар толори конфронсии донишгоҳ шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон дар ҳамкорӣ бо раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022” ҳамоиш таҳти унвони “Зан – сарчашмаи маърифат” гузаронид, ки дар он Заррина Зуҳурова, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Саида Нуруляминзода, муовини сардори раёсат, Камола Исмоилова, нозир-коргузори хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе ва донишҷӯдухтарони хобгоҳ иштирок карданд.

Ҳамоишро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон Саодат Нуралихонзода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, меҳмононро ба аҳли толор шинос намуданд.

Сипас, Заррина Зуҳурова доир ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, оила ва оиладорӣ, омода намудани духтарон ба зиндагии мустақилона, фарҳанги хонадорӣ, зебоипарастӣ ва ҳурмату эҳтироми калонсолон ибрози андеша карданд.

Донишҷӯдухтарон ба суолҳои худ аз ҷониби нотиқон посух гирифтанд.

Дар анҷоми ҳамоиш Саодат Нуралихонзода аз номи раёсати донишгоҳ ба меҳмонон барои ҳамкории мутақобилан судманд изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.

Шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top