Мусобиқаи зеҳнӣ дар факултет

Бинанда: 1115 | Санаи нашр: 13 Ноябр 2020

Бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” аз 10 - ум то 13 - уми ноябри соли 2020, дар факултети иқтисодиёт ва менеҷмент даври аввали олимпиадаи донишҷӯён аз фаннҳои технологияи информатсионӣ, менеҷмент, асосоҳои соҳибкорӣ ва баҳисобгирии муҳосибӣ баргузор гардид, ки дар он зиёда 170 нафар донишҷӯи фаъоли  донишгоҳ иштирок намуданд.

Олимпиада бо саъю кӯшиши раёсати илм ва бахши илми факултет бо иштироки омӯзгорони кафедраҳои факултет дар сатҳи баланд доир гардид.

Раванди баргузории олимпаидаро шахсони масъул аз ҳисоби роҳбарони воҳидҳои сохтории донишгоҳ ва омӯзгорон назорат намуданд.

Доираи суолҳои пешниҳодшуда дар ин мусобиқаи зеҳнӣ аз масъалаҳои муҳимму мубрами технологияи информатсионӣ, менеҷмент, фаъолияти соҳибкорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар шароити амалишавии  иқтисоди рақамӣ иборат буд.

Олимпиадаи имсола нишон дод, ки донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони факултет омодагии ҳамаҷониба гирифтаанд.

Садорати факултети иқтисодиёт ва менеҷмент

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top