Ҳадаф: дастгирии олимони ҷавон

Бинанда: 1358 | Санаи нашр: 12 Ноябр 2020

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ – педагогии донишгоҳ бо мақсади дастгирии олимони ҷавон тасмим гирифтааст, ки дар асоси нақшаи корӣ силсилаи семинарҳои илмӣ ва илмӣ – педагогиро доир намояд.

Бо ҳамин мақсад рӯзи 12-уми ноябри соли ҷорӣ ректори донишгоҳ, профессор Фақеров Ҳамидуллохон Нуриддинович семинари нахустинро дар мавзӯи “Мактаби илмӣ ва нақши он дар эҷоди неруи зеҳнии донишгоҳ ва ташаккули шахсияти олими ҷавон” баргузор намуд.

Ҳамидуллохон Фақеров бо мисолҳои мушаххас аз хусуси мактабҳои илмии эътирофгардидаи соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи иқтисод ҳарф зада, нақши онҳоро дар ташаккули шахсият ва неруи зеҳнии олимони ҷавон нек арзёбӣ кард. Ӯ саҳми ҷавононро дар рушди илм ва шукуфоии кишвар муҳим дониста қайд намуд, ҳар қадар ки дар бораи мактаби илмии ин ё он олим маълумоти зиёд дошта бошем, ҳамон андоза ба манфиати кор хоҳад буд.

Дар хотимаи семинар муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Заррина Қодирова суханронӣ карда, зикр намуд, ки ҳадафи асосии семинарҳои банақшагирифташуда расонидани кумак ба олимони ҷавон зимни навиштани корҳои илмӣ мебошад. Силсиласеминарҳо, - гуфт ӯ, - минбаъд низ идома хоҳанд ёфт.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top