Олимпиада аз ихтисоси хадамоти гумрукӣ

Бинанда: 1235 | Санаи нашр: 11 Ноябр 2020

11-уми ноябри соли 2020 дар факултети тиҷорат ва гумрук дар байни донишҷӯёни курсҳои 2-юм, 3-юм ва 4-ум олимпиада аз рӯи ихтисоси хадамоти гумрукӣ гузаронида шуд.

Олимпиада бо саъю кӯшиши раёсати илм ва бахши илми факултет бо иштироки омӯзгорони кафедраи фаъолияти гумрукӣ дар сатҳи баланд доир гардид.  

Доираи суолҳои пешниҳодшуда дар ин мусобиқаи зеҳнӣ аз масъалаҳои муҳимму мубрами инноватсионии фаъолияти гумрукӣ, иқтисоди рақамӣ ва навовариҳои технологии ташкили назорати гумрукӣ иборат буд.

Олимпиадаи имсола нишон дод, ки  донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо омӯзгорони кафедра омодагии ҳамаҷониба гирифтаанд.

Кафедраи фаъолияти гумрукӣ

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top