Ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Небраска

Бинанда: 1467 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2020

Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро бо макотиби олии ИДМ, Осиё, Аврупо ва аз ҷумла, бо Донишгоҳи Небраскаи ШМА дар доираи лоиҳаи ЮНИСЕН ба роҳ мондааст. Дар доираи лоиҳа 4-уми ноябри соли равон нахустин онлайн-лексия аз ҷониби профессорон-Патрик Макнамара ва Аста Рeйф аз донишгоҳи мазкур дар  мавзӯи “Таълими фаъолона дар шароити коронавирус” (“Engaged Teaching in Age of Coronavirus”) барои омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар вохӯрии онлайнӣ омӯзгорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, ва Донишгоҳи Небраска доир ба раванди дарсҳо, ҷалби донишҷӯён барои таҳсили фаъолона ва дигар роҳҳои баланд бардоштани шавқу завқи онҳо барои омӯзиш дар давраи бемории сироятии КОВИД-19 табодули афкор намуданд.

  •  
    Мавриди зикр аст, ки дар доираи лоиҳаи ЮНИСЕН ва нақшаи таҳияшуда профессорони Донишгоҳи Небраска силсилаи онлайн-лексияҳоро доир ба мавзӯъҳои мубрами рӯз барои омӯзгорони ДДТТ баргузор хоҳанд намуд.
    Раёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи лоиҳаҳо ва табодули академӣ

     

    Нишонӣ

    734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
    тиҷорати Тоҷикистон

    • Телефон: +992(37) 234-83-46
      +992
      (37) 234-85-46
    Top