Тамошои «Пизишки паррон»

Бинанда: 1350 | Санаи нашр: 03 Ноябр 2020

Театр воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, зеро рўйдодҳои зиндагиро дар саҳна дида, тамошобин худро хаёлан ба қаҳрамонони мусбат монанд мекунад ва бо ҳамин роҳ олами ботинии хешро мустақилона комил мегардонад.

Бо ин мақсад рӯзи 3-юми ноябри соли ҷорӣ аҳли омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ” намоишномаи “Пизишки паррон”-ро тамошо намуда, аз он таассуроти нек бардоштанд. Тарҷумон, басаҳнагузоранда ва ороиши мусиқии «Пизишки паррон» Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қурбони Собир буда, нақшҳоро ҳунармандони шинохта ва соҳибистеъдод Саодат Азизова, Умед Бобомуродов, Шуҷоат Ҷалолиддинов, Иброҳим Илясов, Дилрабо Паллаева, Аъзам Розиқов ва Убайдулло Саъдуллоев дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намуданд. Бояд гуфт, ки намоишномаро ҳунармандони ҷавони театр дар шакли нав, ба таври тоҷикона манзури тамошобин гардониданд. Намоишнома аз диди нав рӯйи саҳна омада, он як навъ дигаргуниро дар фаҳмиши асарҳои ишқӣ ба вуҷуд овардааст, яъне дар интиҳои намоишнома қаҳрамонҳо ба висоли якдигар мерасанд.

Лозим ба ёдоварист, ки мавзӯи намоишнома замонавӣ буда, соддагиву саҳлангории бархе аз ашхосеро, ки надониставу насанҷида ба суханони ҳар нафар бовар карда, фирефтаи баъзе пизишкони сохта мегарданд, дарбар мегирад.

Шуъбаи тарбия ва ташаккули шахсият

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top