Гиромидошти Рӯзи Конститутсия

Бинанда: 1402 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2020

4-уми ноябри соли 2020 дар донишгоҳ тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати тарбия ва рушди иҷтимоӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Конститутсия – бахтномаи миллат” баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба илм ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Қодирова З.Ҳ., муовини ректор оид ба рушди стратегӣ ва идоракунии сифат, доктори илми иқтисодӣ, дотсент Шаропов Ф.Р., ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Мизи мудавварро Фарҳод Шаропов оғоз намуда, баргузории чунин як чорабиниро дар арафаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зурур ва муҳим арзёбӣ кард.

Сипас, омӯзгорон Меликов У.А. дар мавзӯи “Рушди қонунгузории соҳавӣ дар заминаи конститутсия”, Рустамзода Ҷ.Ю. дар мавзӯи “Танзими конститутсионию ҳуқуқии назорати давлатии молиявӣ дар соҳаи муносибатҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Навоии Бердӣ дар мавзӯи “Пайдоиш ва инкишофи конститутсияҳо дар ҷаҳон, аз ҷумла, дар Тоҷикистон” маърӯзаҳои пурмазмун намуданд. Донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 240101 Рӯё Абдувалӣ ва Ҳувайдулло Ҳасанов низ зимни суханронӣ аз муҳиммият ва зарурати қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз ибрози андеша намуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ Фарҳод Шаропов таъкид карданд, ки донишҷӯён бояд ҳамеша дар ҷустуҷӯ бошанд, то аз навгониҳои илмӣ, сиёсӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ пайваста бохабар гарданд.

Суханронии Ҷумъабек Рустамзодаро дар инҷо мутолиа кунед

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top