Вохӯрии судманд

Бинанда: 1314 | Санаи нашр: 04 Ноябр 2020

Нимаи дуюми рӯзи 4-уми ноябр дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вохӯрии ректори донишгоҳ Ҳамидуллохон Фақеров бо хатмкунандагони факултети иқтисодиёт ва менеҷмент баргузор гардид.

Вохӯрӣ ба таври озод сурат гирифт. Ректори донишгоҳ дар бораи тарзи навиштани рисолаҳои хатм, гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, ҳамкории донишҷӯ бо роҳбари илмӣ ва дигар масоили марбут ба кори хатм ҳарф зада, ба ҳозирин дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top