Намоиш ва фурӯши китоб дар донишгоҳ

Бинанда: 1544 | Санаи нашр: 03 Ноябр 2020

Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон вобаста ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи ғановатманд гардонидани маърифату маънавияти ҷавонон, баланд бардоштани худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори миллии қишрҳои гуногуни ҷомеа корҳои афзуне ба сомон расонида мешавад.

Намоиш ва фурӯши китобҳои гуногуни илмию бадеӣ, ки 3-юми ноябри соли 2020  аз ҷониби Муассисиаи давлатии нашриёти “Адиб” дар ҳамкорӣ бо донишгоҳ ташкил ва гузаронида шуд, аз ҷумлаи чунин тадбирҳост.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top