Стратегия ва дурнамои рушд

Бинанда: 1255 | Санаи нашр: 02 Ноябр 2020

“Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад. Қобили зикр аст, ки барои таъмин намудани сифати таълим то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва худи муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёде амалӣ гардидаанд, вале барои ислоҳи вазъ дар ин самт бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд”.

Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади дар амал табиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тадбирҳои зиёдеро роҳандозӣ карда истодаанд.

Таъсиси сохтори рушди стратегӣ ва таъмини сифати таҳсилот яке аз ҳамин гуна тадбирҳо ба ҳисоб рафта, дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани сифати таҳсилот 2-юми ноябри соли равон дар толори диссертатсионии донишгоҳ Конфронси байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи “Низоми менеҷменти сифат-кафолати омода намудани мутахассисони баландихтисос” гузаронида шуд.

Ҷаласаи пленарии конфронсро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Заррина Қодирова оғоз намуда, меҳмонон ва дигар иштирокчиёнро хайрамақдам гуфта, ба ректори донишгоҳ, профессор Ҳамидуллохон Фақеров сухан доданд. Ҳамидуллохон Нуриддиинович андешаҳои худро доир ба стратегияи рушди донишгоҳ, сифати таҳсилот, психологияи корӣ, коргузорӣ ва низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар доираи низоми менеҷменти сифати таҳсилот баён намуданд.

Сипас, Фарҳод Шаропов – доктори илмҳои иқтисод, дотсент дар мавзӯи “Раванди таҳия ва татбиқи низоми менеҷменти сифат дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон”, Ирина Зубкова (Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон) дар мавзӯи “Особености формирования системы управления качеством подготовки обучающихся в университете” (ба тариқи онлайн), Раҷаб Раҷабов – доктори илми иқтисод, профессор дар мавзӯи “Усулҳои ба кори илмию таҳқиқотӣ ҷалб намудани донишҷӯён ва ҷоннок кардани фаъолияти Ҷамъияти илмии донишҷӯён”, Абдурашид Мирзоалиев – номзади илми иқтисод, дотсент дар мавзӯи “Низоми менеҷменти сифат-омили муҳимми рақобатпазирии барномаи таҳсилотӣ”, профессори Донишгоҳи Пизаи Италия Анн Кэтрин Айзакс (ба тариқи онлайн) дар мавзӯи “Нақши ҷонибҳои манфиатдор дар таъмини сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ: таҷрибаи Донишгоҳи Пиза” маърӯзаҳои пурмазмун намуда, андешаҳои хешро доир ба таъмини сифати таҳсилот баён намуданд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа

Нишонӣ

734061, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯч. Деҳоти 1/2, Донишгоҳи давлатии
тиҷорати Тоҷикистон

  • Телефон: +992(37) 234-83-46
    +992
    (37) 234-85-46
Top